Расман: Сармураббии нави «Барселона» маълум шуд

Расман: Сармураббии нави «Барселона» маълум шуд

Сомонаи расмии бошгоҳи «Барселона» эълон кард, ки Серхи Бархуан - мураббии феълии тими ҷавонони бошгоҳ, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими асосии "Барселона" шуд. Бархуан пас аз барканории Роналд Куман муваққатан роҳбарии "Барселона"-ро бар ӯҳда гирифт. Қаблан хабар дода шуда буд, ки бошгоҳи каталонӣ фаъолона дар ҷустҷӯи мутахассиси нав ба ин мақом аст. Қайд карда шуд, ки “нилунориҳо” бо нобиғаи  бошгоҳ Хави ба мувофиқа расидаанд.

Президенти "Барселона" Жоан Лапорта дирӯз пеш аз оғози тамринҳо дар пойгоҳи бошгоҳ Бархуанро расман ба ҳайати даста муаррифӣ кард. Ҳоло «Барселона» бо 15 имтиёз пас аз 10 даври рақобатҳо дар мақоми 9-уми ҷадвали Ла Лига ҷой гирифтааст.