Даври 10-уми Ла Лига бо мусовӣ оғоз шуд

Даври 10-уми Ла Лига бо мусовӣ оғоз шуд

Рақобатҳои даври 10-уми Ла Лига бо бозӣ байни бошгоҳҳои "Валядолид" ва "Эспанйол" оғоз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи хонагии "Валядолид" баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Баъди ин бозӣ тими "Эспанйол" бо касби 18 хол ба зинаи дуюми ҷадвали Ла Лига роҳ ёфт. Дастаи "Валядолид" бошад, бо доштани 16 хол дар ҷои 6-ум қарор дорад.

Чемпионати Испания. Даври 10-ум

"Валядолид" - "Эспанол" - 1:1 (0:1)

Голҳо: Борха Иглесиас, 20 (0:1). Верде, 90+1 (1:1). 

"Валядолид": Масип, Кико Оливас, Начо Мартинес, Калеро, Антонито, Мойяно (Верде, 74), Мичел, Рубен Алкарас, Виля (Иви Лопес, 87), Энес Унал, Суарес (Оскар Плано, 55).

"Эспанйол": Диего Лопес, Вила, Хави Лопес, Давид Лопес, Эрмосо, Дардер, Рока, Мелендо (Виктор Санчес, 66), Серхио Гарсия (Дуарте, 78), Перес (Пьятти, 46), Борха Иглесиас.