“Реал” ҷойгузини Марселоро пайдо кард

“Реал” ҷойгузини Марселоро пайдо кард

Вақтҳои охир дар мавриди тарки Марсело аз “Реал” хабарҳои зиёде паҳн шудаистодааст, ки ин овозаҳо барои тарафдорони бошгоҳи шоҳона на он қадар писанд аст. Гарчанде, ки ин маълумот расмӣ нест роҳбарияти “гаразмониҳо” ба хулосае омадааст, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҷойгузини Марселоро пайдо созад. Сомонаи расмии Record хабар медиҳад, ки аллакай бошгоҳи шоҳона ҷойгузини Марселоро пайдо намудааст. Ба маълумоти сарчашма, ин Алекс Теллес аз бошгоҳи “Порту” ҷойгузини ӯ мебошад.