Ди Мартсио: Кесие аз ташхиси тиббӣ барои "Барселона" гузашт ва қарордодро бо маоши 7 миллион евро имзо намуд

Ди Мартсио: Кесие аз ташхиси тиббӣ барои "Барселона" гузашт ва қарордодро бо маоши 7 миллион евро имзо намуд

Нимҳимоятгари 25-солаи тими “Милан” Франк Кесие, ки қарордодаш тобистони соли оянда бо дастаи феълиаш ба поён мерасад, ба “Барселона” мегузарад. Дар ин бора рӯзноманигор Ҷанлука Ди Мартсио дар сомонаи расмии худ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Кесие аллакай дар як маркази тиббии Лугано аз муоинаи тиббӣ гузашта, сипас бо «Барселона» қарордод баст ва тобистон ба ҳайати “нилунориҳо” мепайвандад. Тибқи созишномаи имзошуда Франк дар чаҳор соли оянда солона 7 миллион евро маош мегирад.

Дар мавсими ҷорӣ Кесие дар ҳайати дастаи «Милан» 30 бозӣ карда, ба задани 6 гол ва 1 партофти головар даст ёфтааст. Вай дар моҳи июли соли 2019 аз “Аталанта” ба маблағи 24 миллион евро ба ҳайати  "россонери" гузашт ва ҳоло 45 миллион евро арзиш дорад.