Ракеткаи якуми ҷаҳон хатми маснади варзишӣ кард
Ракеткаи якуми ҷаҳон Эшли Барти эълон кард, ки аз теннис канор меравад. Теннисбози австралиявӣ айни ҳол 25 сол дошта, ин маротибаи дуюм аст, ки ӯ хатми маснади варзишӣ мекунад – бори нахуст чунин соли 2014 шуда буд (дар соли 2016 дигарбора ба теннис баргашт).
«Ман медонам, ки ба чунин қарор якбор омада будам, аммо ин маврид ман эҳсосотҳои дигар дорам. Ман аз теннис миннатпазирам, ки он бароям кулли чизро фароҳам овард. Теннис кулли орзӯяҳоямро амалӣ сохт.
Аммо ман медонам вақти рафтан омадаву тохтан аз паси орзӯҳои дигар мебояд», – гуфтааст Барти.
Барти дар тули маснади варзишӣ 15 ҷоизаи WTA-ро соҳиб шудааст – аз он ҷумла, се ҷоизаи «Тоскулоҳи бузург» ба шумули Australian Open-2022. Ӯ дар масири 119 ҳафта нахустин ракеткаи ҷаҳон буд (натиҷаи ҳафтумин дар таърих) ва ба ҳамин унвон мавсимро се сол паиҳам хатм менамуд.
Сарчашма: Sports.ru