Дибала ба “Ювентус” иқбол овард
Дар бозии 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Аврупо бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” бо тими “Ювентус” рақобат намуд. Вохӯрии бошгоҳҳо дар варзишгоҳи муҳташами «Олд Траффорд» баргузор шуда, бо ҳисоби 0:1 ба суди туриниҳо хатм шуд. Ягона голи ҳалкунандаро дар дақиқаи 17-уми бозӣ форварди аргентинии “Ювентус” Пауло Дибала ба самар расонид. Баъди ин пирӯзӣ дастаи “Ювентус” бо дарёфти 9 имтиёз садрнишини гурӯҳи “Н” мебошад. “МЮ” бошад, бо дарёфти 4 хол дар зинаи дуюми ҷадвал ҷой дорад. Рақобати дигари гурӯҳи мазкур байни тимҳои “Янг Бойз” ва “Валенсия” баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 поён ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи гурӯҳӣ. Гурӯҳи “Н”
"Манчестер Юнайтед" (Англия) - "Ювентус" (Италия) - 0:1 (0:1)
Гол: Дибала, 17.
"Манчестер Юнайтед": де Хеа, Янг, Линделеф, Смоллинг, Шоу, Погба, Мата, Матич, Рэшфорд, Лукаку, Марсял.
"Ювентус": Шенсни, Жоау Канселу (Дуглас Коста, 87), Бонуччи, Келлини, Сандру, Бентанкур, Пянич, Матюиди, Куадрадо (Бартсали, 81), Криштиану Роналду, Дибала (Бернардески, 78).
"Янг Бойз" (Швейтсария) - "Валенсия" (Испания) - 1:1 (0:1)
Голҳо: Батшуайи, 26 (0:1). Оаро, 55 пен (1:1).