“Персеполис” дар финали Лигаи Чемпионҳо
Бошгоҳи “Персеполис”-и Эрон бо мағлуб кардани дастаи “Ал Садд”-и Қатар ба марҳилаи ниҳоии Лигаи чемпионҳои Осиё роҳ ёфт. Вохӯрии ҷавобии дастаҳо дар варзишгоҳи “Озоди”-и Теҳрон сурат гирифта, бо натиҷаи 1:1 хатм шуд. Дар қисмати якуми дидор ҳуҷумкунандаи “Ал Садд” Бағдод Бунёдҷо дастаашро пешсаф кард. Голи мизбононро бошад, бозигари калидии “Персеполис” Сиамак Немати дар дақиқаи 49-уми рақобат ба самар расонид. Дастаи “Персеполис” дар дидори якум бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд ва ҳамин тавр пас аз ду вохӯрӣ бо натиҷаи 2:1 ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Таҳияи: Фаридун