Дибала дар чемпионати Испания идомаи маснади варзишӣ мекунад
Ҳамлавари «Ювентус» Пауло Дибала бо анҷоми мавсими ҷорӣ тарки дастаи туринӣ мекунад. Форварди аргентинӣ бо эҳтимолияти зиёд идомаи маснади варзишӣ дар чемпионати Испания мекунад, иттилоъ медиҳад журналисти Calciomercato Ҷованни Албанезе дар «твиттер»-и худ.
Пештар хабар дода мешуд, ки «Ювентус» ба Дибалаи 28-сола шартнома бо маоши 6-7 миллион евро ҳар мавсим пешниҳод кардааст, аммо худи Дибала солона 11 млн. евро хостор шуда буд. Пауло аз чунин пешниҳод норозӣ монду ба ҷустуҷӯи дастаи нав баромад то бо анҷоми мавсими ҷорӣ дастаашро иваз кунад. Тобистони соли 2022 қарордоди феълии кории ҳамлавари аргентинӣ бо «Ювентус» ба итмом мерасад.
Дар мавсими ҷорӣ Дибала дар 29 бозии кулли мусобиқаҳо 13 гол ва 6 партофти головар ба омор гирифтааст. Сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Дибаларо 40 млн. евро баҳогузорӣ кардааст.
Сарчашма: «Чемпионат»