Динамочиёни наврас ғолиби сабқати панкратион

Динамочиёни наврас ғолиби сабқати панкратион

Рӯзҳои 18-19-уми сентябри соли 2021 дар толори варзишии Муассисаи давлатии Маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе (МАНЕЖ) мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба панкратиони муосир байни наврасон ва ҷавонон доир гардид. Дар он 400 варзишгар ва мухлисони ин намуди варзиш аз шаҳру навоҳии мамлакат ширкат варзиданд.

Дар ин сабқат 7 нафар динамочӣ таҳти сарпарастии Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидхӯҷа Ҳабибов иштирок намуда, аз онҳо 3 нафар: Ёқуб Раҷаб дар вазни 35 кг, Муҳаммади Файзалӣ дар вазни 50 кг ва Ислом Саидов дар вазни 55 кг дар байни наврасон сазовори ҷойҳои аввал гардиданд. Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Федератсияи панкратиони муосири Тоҷикистон доир гардида, дар ҳисоби даставӣ низ дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мақоми якумро соҳиб шуд.

Ғолибон аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо медалу Ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Ҳадаф аз гузаронидани мусобиқаи варзишии мазкур тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим байни насли наврасу ҷавон, такмили малакаю маҳорати варзишии онҳо, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва таҳкими дӯстию рафоқат арзёбӣ гардид.