Хави вундеркинди нави «Барселона»-ро тавсиф кард

Хави вундеркинди нави «Барселона»-ро тавсиф кард

Собиқ нимҳимоятгари ҳамосаофарини “Барселона” Хави аз нимҳимоятгари ҷавони “нилунориҳо” Гави ситоиш кард. Ин ҷавони 17-сола дар ҳайати асосии дастаи "Барселона" дар ин мавсим аввалин бозиашро анҷом дод.

«Ин бача истеъдоди зиёд дорад. Он чизе, ки маро бештар ба ҳайрат меорад, ин аст, ки ӯ ҳоло ҳамагӣ 17 сол дорад, аммо мисли футболбози 30-сола бозӣ мекунад. Дар синни худ Гави нишон медиҳад, ки дар сатҳи олӣ бозӣ карда метавонад. Ин аҷиб аст.

Аз нуқтаи назари техникӣ ҳам хеле хуб аст. Вай инчунин дорои ҳама сифатҳои ҷисмонӣ мебошад. Ӯ барои муваффақ шудан ҳама чизро дорад. Ӯро ояндаи бузург дар пеш аст», - гуфт Хави.