Директори “Реал”: Лопетеги “Реал”-ро тарк намекунад

Директори “Реал”: Лопетеги “Реал”-ро тарк намекунад

 Директори бошгоҳи “Реал Мадрид” Эмилио Бутрагено қайд кард, ки новобаста аз натиҷаҳои на он қадар хуби “Реал Мадрид” сармураббии даста Хулен Лопетеги аз вазифааш сабукдуш карда намешавад. - Медонем, ки айни ҳол “Реал” натиҷаҳои хуб надорад, вале ба боварӣ метавонам бигуям, ки Лопетеги сармураббии даста боқӣ мемонад. Мо ба футболбозони даста боварӣ дорем ва онҳо ба бозии ояндаи даста хуб омода шуда истодаанд. Дар бозии ояндаи худ “Реал Мадрид” санаи 28-уми октябр бо “Барселона” дар сафар рақобат мекунад.

Таҳияи: Фаридун