Додани мизбонии Ҷоми ҷаҳон ба Қатар иштибоҳи бузург буд

Додани мизбонии Ҷоми ҷаҳон ба Қатар иштибоҳи бузург буд

Собиқ президенти ФИФА - Йозеф Блаттер мизбонии Қатар аз Ҷоми Ҷаҳонии соли 2022 "иштибоҳи бузург" номида гуфт, раисҷумҳури собиқи Фаронса Николя Саркози ба ин кор дахолат кард. Блаттер дар мусоҳибае, ки рӯзи якшанбе дар нашрияи фаронсавии "Le Monde" нашр шуд, гуфт: "Аз пирӯзии Қатар ноумед шудам". Блаттер гуфт, Саркози президенти вақти УЕФА Мишел Платиниро ба ҳимоят аз Қатар водор кардааст. Онҳо то он вақт ба мувофиқа расида буданд.

"Дар бораи баргузории Ҷоми Ҷаҳонии Қатар суолҳои зиёде вуҷуд доранд, ба мисли масоҳати кишвар ё санаи баргузории мусобиқа, зеро тобистони он хеле гарм аст", - гуфт Блаттер. Фикр мекардам, ин ҳама созиши моро дар бораи ба Русия ва Иёлоти Муттаҳида додани ду Ҷоми Ҷаҳонии футбол ба хатар мувоҷеҳ намесозад, аммо мудохилаи Саркози, ба қавли президенти собиқи ФИФА, "ҳама чизро тағйир дод".

Блаттер гуфт: “бидуни дахолати Саркози дар лаҳазоти охир ба кори Платини, Қатар ҳаргиз мизбонии Ҷоми Ҷаҳонии футболро ба даст оварда наметавонист. Дар сатҳи иҷтимоӣ ва иқлимӣ додани Ҷоми Ҷаҳон ба Қатар иштибоҳи бузург буд".