"ПСЖ" бидуни ситораи асосиаш имтиёз аз даст дод

"ПСЖ" бидуни ситораи асосиаш имтиёз аз даст дод

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо “ПСЖ”-и Фаронса ва “Лейптсиг”-и Олмон бо ҳам рақобат намуданд. Бозии мазкур дар майдони “Ред Булл Арена”-и шаҳри Лейптсиг доир шуда, бо ҳисоби мусовии 2-2 ба анҷом расид.

Голи аввали ин рақобатро ниммуҳофизатгари дастаи мизбонон Кристофер Нкунку дар дақиқаи 8-ум ба ҳадаф расонд. Аз ҳайати дастаи “ПСЖ” Ҷорҷинйо Вейналдум дар дақиқаҳои 21-ум ва 39-ум ба задани гол даст ёфта, тими худро пешсаф намуд. Голи ниҳоии бозӣ аз ҷониби Доминик Собослаи зада шуд. Бозингари венгрягӣ аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисоби бозиро мусовӣ намуд.

Баъди бозии мазкур “ПСЖ” 8-умин имтиёзи худро соҳиб шуда, дар зинаи дуюми гурӯҳи “А” ҷойгир аст. “Лейптсиг” танҳо як хол дошта, дар зинаи чоруми ҳамин гурӯҳ мавқеъ гирифтааст.