Душанбе-1 – ғолиби мусобиқаи кушоди Тоҷикистон оид ба таеквондо

Душанбе-1 – ғолиби мусобиқаи кушоди Тоҷикистон оид ба таеквондо

Мусобиқаи кушоди Тоҷикистон оид ба таеквондои ҷаҳонӣ (WT) бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Мусобиқа 28-30 ноябр дар Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таеквондо"-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи чор синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон, калонсолон – баргузор шуд. Дар он дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, ВМКБ, ШНТМ аз Тоҷикистон, Самарқанд, Бухоро, Куканди Узбекистон ва се дастаи Ташкилоти байналмилалии "Ҳамсоягони нек" иштирок карданд. Дар натиҷа, таеквондочиёни дастаи Душанбе-1 бо ба даст овардани бештари медалҳо ғолиб гаштанд. Ҷои дуюмро дастаи ШНТМ ва ҷои сеюмро дастаи Хатлон-2 ба даст оварданд.

Манбаъ: http://olympic.tj/