Душанбе мизбони мусобиқаи байналмилалӣ

Душанбе мизбони мусобиқаи байналмилалӣ

Дар шаҳри Душанбе аз 17-ум то 22-юми май соли 2021 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис баргузор мегардад. Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис варзишгарон аз Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Покистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва варзишгарони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҳам рақобат хоҳанд кард. Макони баргузории ин мусобтиқа толори варзишии Тоҷварз муайян шудааст. Чорабинӣ тибқи тақвими чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.