Эҳсони Панҷшабе беҳтарин бозигари вохӯрӣ бо мунтахаби Тринидад ва Тобаго эълон шуд!

Эҳсони Панҷшабе беҳтарин бозигари вохӯрӣ бо мунтахаби Тринидад ва Тобаго эълон шуд!

Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон -  Эҳсони Панҷшанбе дар бозии ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022»  муқобили тими миллии Тринидад ва Тобаго (2:1) беҳтарин бозигар эътироф шуд.

Ин вохӯрӣ як рӯз пеш, 22 сентябр дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» -и шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор шуда, бо пирӯзии тими миллии Тоҷикистон – 2:1 анҷом ёфт. Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 46-уми вохӯрӣ ба ҳайси ивазкунанда ба майдон баромад ва дар дақиқаи 75-ум як гол зад.

Маҳз голи ба самар расонидаи Эҳсон дар даҳаи охири бозӣ ғалабаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ таъмин кард ва тими моро ба финали мусобиқа баровард.

Ҳамакнун,  рӯзи 25 сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022» баргузор мешавад, ки дар он тимҳои миллии Малайзия ва Тоҷикистон вомехӯранд.

Рақобат дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (18:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Шабакаи телевизионии "Варзиш" ин бозиро мустақиман намоиш медиҳад.