Эҳтимол аст, ки Нголо Канте ҳамчун агенти озод тарки “Челси” кунад

Эҳтимол аст, ки Нголо Канте ҳамчун агенти озод тарки “Челси” кунад

Ниммуҳофизатгари дастаи "Челси" -  Нголо Канте эҳтимол аст , ки ройгон тарки бошгоҳ кунад. Дар ин бора  Sky Sports хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ дастаҳои  «Ювентус» ва «ПСЖ» ният доранд, ки футболбози 31-солаи фаронсавиро ҳамчун агенти озод ба даст оранд.

Шартномаи Канте бо "Челси" тобистони соли 2023 ба охир мерасад ва бошгоҳ ҳоло бо ин бозигар барои тамдиди қарордод  музокира накардааст.