Эҳтимолияти бозгашти Месси ба «Барселона»

Эҳтимолияти бозгашти Месси ба «Барселона»

Ҳамлавари аргентинии дастаи “ПСЖ” Лео Месси дар бораи бозгашти эҳтимолии худ ба “Барселона” сухан кард.

«Оё ман ба “Барселона” бармегардам? Бале, ман ҳамеша мегуфтам, ки мехоҳам ба даста кӯмак расонам. Мехостам рӯзе котиби техникӣ шавам. Ман намедонам, ки чунин кор дар “Барселона” мешавад ё не. Ё дигар хел мешавад. Агар имконият пайдо шавад, ман мехоҳам бори дигар ба он чизе, ки ман метавонам саҳм гузорам. “Барселона” дастаест, ки ман дӯст медорам ва ман мехоҳам, ки он ҳамеша пирӯз шавад, рушд кунад ва яке аз беҳтаринҳои ҷаҳон боқӣ монад», — иқтибос меорад Sport.es аз суханони Месси.

Ёдрас мекунем,ки рӯзи 5 август «Барселона» эълон кард, ки шартномаи худро бо Месси тамдид намекунад. Ин ба монеаҳои молиявӣ ва сохторӣ, ки дар муқаррароти Лигаи Испания навишта шудаанд, вобаста буд.

Санаи 10-уми август бошад Месси бо “ПСЖ” шартномаи 2 сола ба имзо расонид.