Муваффақияти таэквондочиёни тоҷик дар Ӯзбекистон

Муваффақияти таэквондочиёни тоҷик дар  Ӯзбекистон

Дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2-юмин мусобиқаи кушод оид ба таеквондо (WT) ба поён расид. Дар мусобиқаи мазкур дар баробари варзишгарони кишвари мизбон намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон низ ширкат намуданд. Дар рӯзи охири мусобиқа Самад Амиршоев медали нуқра, Осиямо Салихова, Меҳринигор Шарифова ва Нурина Алиназарова медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов беҳтарин варзишгари мусобиқа эълон гардид. Хотиррасон мекунем, ки дар рӯзи якуми чорабинии мазкур варзишгарони тоҷик ба дарёфти 9 медал аз ҷумла 3 тилло 3 нуқра ва 3 биринҷӣ даст ёфта буданд.