Эҳёи “Шоҳин” дар марҳилаи дуюм

Эҳёи “Шоҳин” дар марҳилаи дуюм

Имрӯз, 8 октябр се бозии даври понздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон баргузор гардиданд.

Дар даври 15-ум дастаи "Шоҳин"-и ноҳияи Муъминобод тими “Барқ”-и шаҳри Норакро дучори бохт намуд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи ноҳияи Муъминобод доир гашт, ки бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба суди мизбонон ҷамъбаст гардид. Ягона голро дар дақиқаи 37-ум Сиёвуш Довудов ба ҳадаф расонид. Бо ҳамин тартиб, дар мавсими имсола дастаи “Шоҳин” дуюмин пирӯзии худро ҷашн гирифт.

Ҳамчунин, дар ин давр дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳритус дидори дастаҳои “Чашма” бо “Хуросон” барпо шуд ва соҳибони майдон бо ҳисоби бузурги 4:1 зафар ёфтанд. Голҳои ғолибонро Шуҳрат Шоҳназаров (27) ва се голи дигарро Насрулло Ҳайдаров (46, 57, 84) ба ҳадаф расониданд. Тӯби ягонаи меҳмононро дар дақиқаи 68-ум Валӣ Мирзомуродов ба дарвозаи ҳариф ворид намуд. Бозии дигари ин марҳила миёни дастаҳои “Сарҳадчӣ” ва “Сарбанд” буд, ки меҳмонон бо ҳисоби 4:2 шикаст хурданд.

"Шоҳин" - “Барқ” 1:0

“Чашма” - “Хуросон” 4:1

“Сарҳадчӣ” - “Сарбанд” 4:2