Ҳэмилтон панҷкарата қаҳрамони ҷаҳон шуд

Ҳэмилтон панҷкарата қаҳрамони ҷаҳон шуд

Саршини “Мерседес” Люис Ҳэмилтон дар мавсими навбатии “Формула 1” дастболо гардид. Варзишгари 33 солаи британӣ маротибаи панҷум аст, ки қаҳрамони ҷаҳон мегардад. Қаблан Ҳэмилтон солҳои 2008, 2014, 2015 ва 2017 Ҷоми ҷаҳонро ба даст оварда буд. Сарвони “Феррари” Себастян Феттел тавонист, ки мавсимро дар зинаи дуюм ба анҷом расонад.

Таҳияи: Фаридун