Свитолина ғолиби мусобиқаи WTA-Сингапур

Свитолина ғолиби мусобиқаи WTA-Сингапур

 Ҷоми мусобиқаи кушоди WTA-Сингапур насиби теннисбозбонуи украинӣ Элина Свитолина гардид. Ӯ дар финали мусобиқа бо намояндаи Амрико Слоан Стивенс дидор анҷом дод. Бозии мазкур 2 соату 25 дақиқа давом ёфта, теннисбозбонуи украинӣ бори аввал дар фаъолияти варзишиаш ба гирифтани Ҷоми мусобикаи WTA-Сингапур даст ёфт. Ҳамчунин ин 13-умин бурди ӯ дар фаъолияти варзишиаш буда, дар соли охир Свитолина сеюмин маротиба аст, ки барандаи мусобиқаҳои WTA мегардад. Ёдовар бояд шуд, ки Свитолина нахустин намояндаи Украина мебошад, ки ғолиби мусобиқаи WTA-Сингапур гардид.

Мусобиқаи WTA BNP Paribas WTA Finals Singapore presented by SC Global 

Даври ниҳоӣ

Элина Свитолина (Украина, 6) - Слоан Стивенс (ИМА, 5) - 3:6, 6:2, 6:2

Таҳияи Манижа Исмоилова