Ҷейдон Санчо исмашро дар таърих навишт

Ҷейдон Санчо исмашро дар таърих навишт

Ниммуҳофизатгари тими «Боруссия» Дортмунд - Ҷейдон Санчо ҷавонтарин футболбозе шуд, ки ба задани 30 гол дар Бундеслига даст ёфт.

Футболбоз дар даври 29-уми чемпионати Олмон ба дарвозаи дастаи «Падерборн» хет-трик намуд ва аввалин бозигари шуд, ки дар сини 20 солагиву 67 рӯзагиаш муаллифи 30 гол гардид.

Бад-ин тартиб Санчо нишондоди ниммуҳофизатгари клуби «Байер» - Кая Хавертсро иваз кард. Ӯ 30 голро ҳангоми 20 солу 270 рӯз доштанаш ба ҳадаф расонида буд.