«Эйр Форс» аз «Реал» ибрат гирифт

«Эйр Форс» аз «Реал» ибрат гирифт

Бошгоҳи футболи “Эйр Форс”-и Ироқ дар таърихи мавҷудияти худ маротибаи сеюм пайиҳам дар финали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дастболо гардид. Бояд гуфт, ки ин дастаи ироқӣ аз бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” ибрат гирифт, чаро ки “Реал” низ дар таърихи худ се маротиба пай дар пай ба гирифтани ҷоизаи Лигаи Чемпионҳои Аврупо даст ёфтааст. Дар таърихи 15 солаи ин мусобиқот боре ҳам ягон даста паийҳам ин натиҷаро нишон надода буд. Дидори ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Басра”-и Ироқ доир шуда, бо пирӯзии соҳибони майдон хатм шуд. Ҳанӯз дар дақиқаи 22-юми рақобат капитани дастаи “Эйр Форс” Аҳмад Ҳамадӣ аз иштибоҳи ҳимотягари “Алтин Асир” Мекан Сапаров истифода бурда, ҳисобро боз намуд. Дар нимаи дуюми рақобат аниқтараш дар дақиқаи 57-ум Иброҳим Байеш бо сар тӯбро вориди дарвозаи Мамед Оразмамедов карда, ҳисобро 2:0 намуд. Футболбозони “Алтин Асир” имкон доштанд, ки ба рафти бозии ниҳоӣ тағйирот ворид кунанд, аммо Селим Нурмуродов аз ҷаримаи 11 метра дарвозаи ҳарифро рахна карда натавонист. Бо ҳамин ғолибият насиби дастаи ироқӣ шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ ба капитани дастаи “Эйр Форс” Аҳмад Ҳамадӣ ҷоизаи бозингари арзишнок тақдим карда шуд.