Роналду пирӯзии “Ювентус” - ро муҳайё кард

Роналду пирӯзии “Ювентус” - ро муҳайё кард

Дар даври 10-уми Серияи А-и Италия ҷоизадори скуддето “Ювентус” бо дастаи “Эмполи” дар сафар бозӣ кард. Аз дақиқаҳои аввали дидор аён буд, ки “Эмполи” новобаста ба чунин рақиби пурзӯр доштанаш дар хати дифоъ нахоҳад нишаст. Футболбозони ин тим бештар тавассути марказ ба ҳуҷум мегузаштанд ва чанд ҳолати хуби голзаниро ба миён оварда тавонистанд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 28-уми дидор Франческо Капуто ҳисоби дидорро боз кард. Метавон гуфт, ки дар нимаи аввал “Эмполи” баробар бо “Ювентус” бозӣ мекард. Аз ин чиз ҳатто нишондодҳои оморӣ ҳам дарак медиҳанд. Шумораи зарбаҳои мустақим дар қисмати аввал 2 бар 2 буд. Нимаи дуввумро “бянконнери” бо ташаббуси худ шурӯъ намуда, аллакай дар ҳуҷуми нахустини қисмати дуввум метавонистанд ҳисобро баробар кунанд. Дар дақиқам 50-ум дидор бар муқобили Пауло Дибала, ки дар ҳайати асосӣ ба майдон баромада буд, қоидаи бозӣ дар ҷаримагоҳи ҳариф вайрон карда шуд. Роналду пеналтиро бидуни иштибоҳ ба самар расонид. Натиҷаи мусовӣ дар ду давр сармураббии “Ювентус”-ро қаноатманд карда наметавонист. Ҷиҳати пурқувват гардонидани хати ҳамла Макс Аллегри дар ҷараёни нимаи дуввум, Хуан Кудрадо ва пасон Дуглас Костаро вориди майдон намуд. Бо баромадани Дуглас Коста ба майдон шакли ҷойгиршавии футболбозони Ювентус аз 4-4-2 ба 4-3-3 мубаддал шуда ҳамлаҳо ба худ суръати навро касб карданд. Дар дақиқаи 70-уми бозӣ Криштиану Роналду яке аз голҳои зеботарини мавсими имсолаи Серия А-ро ба самар расонида ҳисобро 2:1 намуд. Пас аз ин ғолибият “Ювентус” ба гирифтани 28 хол мавқеи худро дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот боз ҳам мустаҳкам кард.