Фабио Каннаваро «Тӯби тиллоӣ»-ро ба кӣ дод?

Фабио Каннаваро «Тӯби тиллоӣ»-ро ба кӣ дод?

Собиқ сарвони тими миллии Италия Фабио Каннаваро муддаии асосии ҷоизаи бонуфузи «Тӯби тиллоӣ»-ро дар соли 2021 гуфт.

"Карим Бензема ин мавсим нишон дод, ки ӯ соҳиби ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» аст. Аммо ин мушкил хоҳад буд, зеро дар он ҷо Месси, Левандовски, Жоржинйо ҳастанд, ки дар Ҷоми Амрико, Евро-2020 ва Лигаи Чемпионҳо ғолиб омадаанд. Бензема бо тими миллии Фаронса дар Лигаи миллатҳо ғолиб шуд ва ба ғайр аз ин дар “Реал” хуб ҳунарнамоӣ дорад. Дар тӯли даҳ соли охир мо ҳама шоҳиди баромадҳои ҳангомавии Месси ва Роналду мешудем, ки ин ҷоиза танҳо ба онҳо дода мешуд", — гуфт Каннаваро дар мусоҳибаи El Larguero.

Маврид ба ёдоварист, ки маросими тақдими ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-2021 санаи 5-уми декабр дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад.