Филипп Лам гуфт, ки дар Евро 2024 кадом даста ғолиб мешавад!

Филипп Лам гуфт, ки дар Евро 2024 кадом даста ғолиб мешавад!

Қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2014 дар ҳайати тими миллии Олмон - Филипп Лам дастаи фаворити худро дар Евро-2024 ном бурд. Мусобиқа аз 14-уми июн то 14 –уми июл дар Олмон баргузор мешавад.

“Фаронса. Фақат барои он ки онҳо, ман гуфта метавонам, 40 бозигари хеле боистеъдод доранд. Онҳо як дастаи хеле мутавозин доранд ва онҳо метавонанд ба осонӣ тағйирот ворид кунанд. Онҳо ҳам дар захира ва ҳам дар майдон бозигарони соҳибмалака ва боистеъдод доранд” – гуфтааст Лам дар мусоҳиба бо AFP.

Дар мусобиқаи Евро 2024 мунтахаби Фаронса дар гурӯҳи “D” рақобат мекунад, ки рақибаш тимҳои Нидерланд, Австрия ва Лаҳистон хоҳанд буд.