Формула 1 низ дучори буҳрон шуд

Формула 1 низ дучори буҳрон шуд

Роҳбарияти Формула 1 бинобар эҷод накардани мушкилоти молӣ ба ин мусобиқа ба хулосае омаданд, то аз 20 дар сади маоши хеш даст кашанд. Инчунин онҳо тасмим гирифтаанд, ки чанде аз кормандони хешро ба рухсатии дарозмуддати бемузд равон кунанд.

Иҷрокунандаи вазифаи директори формула - 1 Чейз Кайри ба хулосае омадааст, ки бо хоҳиши худаш аз 20 фоизи маош бинобар сабаби хуруҷи каронавирус дар ҷаҳон даст кашад. Ин иқдомро директори варзишии ин ширкат - Рос Браун низ дар қатори дигар роҳбарон дастгирӣ намудааст. Роҳбарияти формула 1 дар ҳафтаи гузашта 500 нафарро аз кор ҷавоб доданд, ки ними штатро ташкил медод. Дар хабари сомона зикр гардидааст, ки роҳбарият маҷбур шуданд, ин корро кунанд. Ин ба хотири мушкилоти молӣ эҷод накардан ба ширкат руйи даст гирифта шудааст ва то ду моҳи дигар идома хоҳад ёфт. Бинобар хуруҷи каронавирус дар ҷаҳон мавсими нави формула 1 ба тобистон гузаронида шуд. Дар назар аст, ки тағйирот дар тақвими мусобиқот ворид карда шавад ваа ба ҷойи 22-давр аз 15 то 18 давр роҳандозӣ гардад.