Футболбози касбии бошгоҳи МЛС дар чемпионати Аврупо оиди шоҳмот ширкат меварзад

Футболбози касбии бошгоҳи МЛС дар чемпионати Аврупо оиди шоҳмот ширкат меварзад

Футболбози сербии тими амрикоии «Лос-Анҷелес Гэлакси» Деян Йовелич дар чемпионати Аврупо оиди шоҳмоти зудбозӣ иштирок мекунад. Дар ин бора телеграм-канали ChessMaster иттилоъ медиҳад.

Чемпионати Аврупо оиди шоҳмоти зудбозӣ ва барқвор тахминан баъди ду ҳафта дар шаҳри Загреби Хорватия оғоз мешавад. Айни ҳол баҳри иштирок дар ин мусобиқа 600 бозигар аз 40 федератсияҳои аврупоӣ сабти ном шудаанд. Деян Йовелич дорои раддабандии FIDE 2217 аз рӯи шоҳмоти классикӣ буда, дар зинаи шуморавии 244-уми чемпионати Аврупо оиди шоҳмоти зудбозӣ қарор дорад.

 

Деян Йовелич футболбози дастаи «Лос-Анҷелес Гэлакси» аз соли 2021 мебошад ва то ин дам дар 90 бозии мусобиқаҳои расмӣ дар тими амрикоӣ баромад кардааст. Ҳамчунин Йовелич дар ҳайати мунтахаби Сербия шаш бозӣ гузаронида, ба задани ду гол даст ёфтааст.