Футболбози нави 13-солаи «Бавария»

Футболбози нави 13-солаи «Бавария»

«Бавария» дар хусуси гузариши бозигари 13-солаи бошгоҳи «Боруссия» аз Мёнхенгладбах  Майк Уисдом ба мувофиқа расидааст, иттилоъ медиҳад Sky Germany.

Аз рӯи маълумоти сарчашма футболбози ҷавон ба сафи  мюнхениҳо тобистон мепайвандад. Арзиши гузариш бошад зиёда аз  300 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Шуъбаи селексионии ҷониби мюнхенӣ  аз бозии  Уисдом зиёда аз яку ним сол назорат бурда, бозигар тавонист диққати мутахассисони  «Бавария»-ро ба худ ҷалб созад. Коршиносон   Уисдом-ро нафари пуристеъдоди истисноӣ ном мебаранд. Айни ҳол ӯ дар сафи дастаи «Боруссии» U14 аз  Мёнхенгладбах баромад мекунад.

«Бавария» бошад худ дар 27 бозиҳо  63 хол ҷамъоварӣ намуда, дар зинаи 1-уми ҷадвали мусобиқаи Бундеслигаи мавсими 2021/2022 қарор дорад. Ба шумули сегонаи аввал  ҳамчунин «Боруссия»-и Дортмунд (бо 57 хол) ва «Байер» (бо 48 хол) ворид мешаванд.

Сарчашма: «Чемпионат»