Футболбози тоҷик тарки Малдив кард
Ҳимоятгари тими мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи «Виктория Спорт»- Фирдавс Чақалов созишномаро бо дастааш қатъ намуд. Ба гуфтаи худи Фирдавс Чақалов созишномаи онҳо бо дастаи кишвари Малдив ба муддати як сол буд, вале аз сабаби бошгоҳ ба бӯҳрони молӣ дучор шудан тарки даста кард. Фирдавс Чақалов 22 сол дорад. Ӯ дастпарвари бошгоҳи «КМВА-Помир» буда , чанд соли охир шарафи дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро ҳимоя мекард.
Таҳияи Кова Тилавпур