Шикасти Ироқ аз Кореяи Шимолӣ
Ду дастаи гурӯҳи “В” Кореяи Шимолӣ ва Ироқ дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳии Чемпионати Осиё-2018 миёни футболбозони то 19 сола дидор анҷом доданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Пакансари Стэдиум” доир шуда, бо бартарии футболбозони дастаи Ироқ оғоз гардид. Аз чанд имконияти мавҷудаи голзанӣ футболбозони Ироқ истифода бурда натавонистанд. Дарвозабони Кореяи Шимолӣ Ким Ҷу Сонг ҳам борҳо маҳорати баланди хешро ба намоиш гузошт. Бо натиҷаи муссовии 0:0 қисми аввал поён ёфта, дар оғози нафасҳоиаввали қисми дуюми рақобат ду бозингар дар ҳайати Кореяи Шимолӣ иваз шуд. Ин тағйирот ба рафти бозии дастаи мазкур заминаи хуби ҳуҷумҳои головарро ба миён овард. Дар дақиқаи 55-ум баъди иҷрои зарбаи ҷаримавӣ, ҳимоятгар Пак Кванг Чон ҳисобро боз кард. Ҳарҷанд то лаҳзаи охир бозингаррони Ироқ кӯшиш баробар кардани натиҷаи бозиро карданд, аммо ба мақсад нарасиданд. Бо ҳамин дастаи ҷавонони Кореяи Шимолӣ, ки дар дидори аввал аз Ҷопон бо ҳисоби 5-2 ба шикаст дучор омада буд, аввалин имтиёзашро дар ин мусобиқот ба даст овард.
Чемпионати Осиё-2018. U-19
Гуруҳи «В»
Кореяи Шимолӣ – Ироқ 1:0 (0:0)
Гол: Пак Кванг Чон. дақ: 55