Гӯштингирони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон мераванд
Се гӯштингири тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 23-сола иштирок мекунанд. Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонони то 23-сола аз 1 то 7 ноябр дар Шаҳри Белгради Сербия доир мегардад. Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) дар чемпионат, ки аз рӯи равияҳои тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон сурат мегирад, ҳудуди 620 варзишгар аз 58 давлат ширкат хоҳанд кард. Аз ҷумҳурии мо се нафар – Муҳаммад Икромов (57кг), Мустафо Ахмедов (70кг) дар гӯштини тарзи озод ва Далер Ризозода (77кг) дар гӯштини юнонӣ-римӣ ба Белград сафарбар гардиданд. Тибқи барнома чемпионат 1-уми ноябр бо қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ оғоз мегардад. Дар рӯзи сеюм бонувон рӯи гилем мебароянд. Чемпионатро гӯштингирони тарзи озод ҷамъбаст мекунанд.
Барномаи чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонони то 23-сола:
1 ноябр
10:30-15:00. Қувваозмоиҳои муқаддамотии гӯштини юнонӣ-римӣ, вазнҳои – 55-63-77-87-130кг
17:15-17:45. Маросими кушодашавӣ
18:00-19:30. Нимфинали вазнҳои – 55-63-77-87-130кг
2 ноябр
10:30-15:30. Қувваозмоиҳои муқаддамотии гӯштини юнонӣ-римӣ, вазнҳои – 60-67-72-82-97кг
10:30-15:30. Қувваозмоиҳои тасаллобахши гӯштини юнонӣ-римӣ, вазнҳои – 55-63-77-87-130кг
16:45-17:45. Нимфинали гӯштини юнонӣ-римӣ, вазнҳои – 60-67-72-82-97кг
18:00-20:30. Финали гӯштини юнонӣ-римӣ, вазнҳои – 55-63-77-87-130кг
3 ноябр
10:30-14:00. Қувваозмоиҳои муқаддамотии гӯштини бонувон, вазнҳои – 50-55-59-68-76кг
10:30-14:00. Қувваозмоиҳои тасаллобахши гӯштини юнонӣ-римӣ, вазнҳои – 60-67-72-82-97кг
16:45-17:45. Нимфинали гӯштини бонувон, вазнҳои – 50-55-59-68-76кг
18:00-20:30. Финали гӯштини юнонӣ-римӣ, вазнҳои – 60-67-72-82-97кг
4 ноябр
10:30-14:00. Қувваозмоиҳои муқаддамотии гӯштини бонувон, вазнҳои – 53-57-62-65-72кг
10:30-14:00. Қувваозмоиҳои тасаллобахши гӯштини бонувон, вазнҳои – 50-55-59-68-76кг
16:45-17:45. Нимфинали гӯштини бонувон, вазнҳои – 53-57-62-65-72кг
18:00-20:30. Финали гӯштини бонувон, вазнҳои – 50-55-59-68-76кг
5 ноябр
10:30-15:30. Қувваозмоиҳои муқаддамотии гӯштини тарзи озод, вазнҳои – 57-65-70-79-97кг
10:30-15:30. Қувваозмоиҳои тасаллобахши гӯштини бонувон, вазнҳои – 53-57-62-65-72кг
16:45-17:45. Нимфинали гӯштини тарзи озод, вазнҳои – 57-65-70-79-97кг
18:00-20:30. Финали гӯштини бонувон, вазнҳои – 53-57-62-65-72кг
6 ноябр
10:30-15:30. Қувваозмоиҳои муқаддамотии гӯштини тарзи озод, вазнҳои – 61-74-86-92-125кг
10:30-15:30. Қувваозмоиҳои тасаллобахши гӯштини тарзи озод, вазнҳои – 57-65-70-79-97кг
16:45-17:45. Нимфинали гӯштини тарзи озод, вазнҳои – 61-74-86-92-125кг
18:00-20:30. Финали гӯштини тарзи озод, вазнҳои – 57-65-70-79-97кг
7 ноябр
16:00-17:45. Қувваозмоиҳои тасаллобахши гӯштини тарзи озод, вазнҳои – 61-74-86-92-125кг
18:00-20:30. Финали гӯштини тарзи озод, вазнҳои – 61-74-86-92-125кг
Эзоҳ: Оғози рақобатҳо бо вақти Белград оварда шудааст.