Гарет Саутгейт ҷойгузини Эрик тен Ҳаг дар “МЮ” мешавад

Гарет Саутгейт ҷойгузини Эрик тен Ҳаг дар “МЮ” мешавад

Сармураббии тими мунтахаби Англия Гарет Саутгейт номзади асосии ҷойгузини Эрик тен Ҳаг дар “Манчестер Юнайтед” гардид. Дар ин бора рӯзноманигори FootMercato Санти Ауна хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо аллакай гуфтушунид доранд.

Агар "Манчестер Юнайтед" ва Саутгейт ба созиш бирасанд, таъйини ӯ то баъд аз Чемпионати Аврупо-2024 эълон нахоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки «Манчестер Юнайтед» пас аз 35 давр 54 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 8-уми ПЛА қарор дорад.