Матс Ҳуммелс беҳтарин бозигари дидори “ПСЖ” ва “Боруссия”-и Дортмунд дониста шуд

Матс Ҳуммелс беҳтарин бозигари дидори “ПСЖ” ва “Боруссия”-и Дортмунд дониста шуд

Ҳимоятгари дастаи «Боруссия»-и Дортмунд Матс Ҳуммелс беҳтарин бозигари бозии ҷавобии даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо “ПСЖ” дониста шуд.

Пас аз пирӯзӣ дар бозии аввал бо ҳисоби 1:0, «Боруссия» дар меҳмонӣ бар «ПСЖ» бо ҳамин натиҷа пирӯз шуд. Голи ягонаро Матс Ҳуммелс ба самар расонид.

Барои футболбози 35-сола ин голи дуюм дар 13 бозии Лигаи Чемпионҳо мебошад.