Гнабри аз Клозе пеш гузашт

Гнабри аз Клозе пеш гузашт

Ҳамлагари "Бавария" Серж Гнабри рекорди махсусеро дар мунтахаби Олмон ба қайд гирифт. Дар 11 бозии мунтахабаш Гнабри ба задани 10 гол даст ёфт, ки то кунун ягон футболбози олмонӣ ба чунин натиҷа даст наёфтааст. Қаблан Мирослав Клозе дар 13 дидор 10 гол ба номаш сабт карда буд. Голи даҳуми худро Гнабри дар бозии дӯстона бо Аргентина дирӯз ба самар расонид.