Голи Абдулло Шарипов дар дақиқаҳои охир «КМВА»-ро аз бохт наҷот дод

Голи Абдулло Шарипов дар дақиқаҳои охир «КМВА»-ро аз бохт наҷот дод

Дар шаҳри Душанбе дирӯз, 24 –уми июн, марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар минтақаи марказӣ дар чаҳоргонаи «Е» миёни дастаҳои КМВА-и Душанбе ва  «Алтин Асир»  баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо дар  Варзишгоҳи марказии Душанбе доир  шуда, бо натиҷаи мусовӣ 1 бар 1  анҷом ёфт.

Голҳоро  Элчибек Рашидбеков дар дақиқаи  85-уми бозӣ ба таври худгол ба дарвозаи дастааш зад.  Абдулло Шарипов  дар 90+3 бо голи ба самар расонидааш ба  “артишиҳо” 1 имтиёз овард.

Дар даври дуюми рақобатҳои гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дастпарварони Амин Субҳонӣ бо тими  «Суғдиён» аз кишвари Ӯзбекистон, рӯзи 27-уми июн соати 22:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе андари майдони рақобат мешаванд.

Ҷоми КФО-2022

Гурӯҳи «Е». Даври 1

24 июн (ҷумъа)

 «Алтин Асир» (Туркманистон) 1:1  КМВА (ТОҶИКИСТОН)

Голҳо: Элчибек Рашидбеков 85' (х.г), Абдулло Шарипов 90+3.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

#ACC2022 #AFCCup2022 #FCCSKA