Голи Фалкао боиси барканории сармураббии “Барселона” гардид

Голи Фалкао боиси барканории сармураббии “Барселона”  гардид

Дар доираи даври 11-уми Ла лигаи Испания дастаи Барселона меҳмони “Райо Валйекано” гардид. Вохӯрӣ дар ҳузури 10 ҳазор мухлис доир гашта, ба нафъи мизбонон ба анҷом расид. Роналд Куман баъди шикаст дар Эл-Классико ҳоло ҳам намехоҳад дар ҳайат тағйирот ворид намояд, махсусан дар хати ҳамла ба ҷои ҳимоятгар ягон ҳамлагарро ворид намояд. Ягона голи бозиро ҳамлагари колумбиягии дастаи “Райо Валйекано” Радамел Фалкао дар дақиқаи 30-юм ба самар расонид. Каталониҳо имкон доштанд, ки дар дақиқаи 72-юм ҳисоби бозиро баробар кунанд, аммо Мемфис Депай пеналтиро ба гол табдил дода натавонист. Ин дуюмин бохти пай дар пайи “Барселона” ба ҳисоб меравад.