Лоиқ Раҷабов аз 1 миллион доллар маҳрум шуд

Лоиқ Раҷабов аз 1 миллион доллар маҳрум шуд

Лоиқ Раҷабов, варзишгари шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта ё PFL аз Рауш Манфио шикаст хӯрд ва аз 1 миллион доллар маҳрум шуд. Сабқати мазкур шаби 28-уми октябр дар Амрико баргузор шуд.

Мусобиқа ҳамаи 5 давр давом кард ва дар охир ҳамаи доварон якдилона ғалабаро ба Рауш Манфио доданд. Лоиқ Раҷабов баъди шикаст хӯрдан дар муроҷиате аз мухлисонаш узр пурсид, ки натавонист интизории онҳоро бароварда кунад.

Дар ҷараёни мусобиқа ҳам дидан мумкин буд, ки Лоиқ баъди даври 3 хаста шуда буд. Варзишгари бразилӣ Рауш Манфио бо шикаст додани Лоиқ Раҷабов соҳиби камарбанди PFL ва як миллион доллар шуд. Ин бори дуюм аст, ки Лоиқ Раҷабов ба финали ин мусобиқаи пурнуфуз роҳ меёбад. Соли 2019 ҳам ӯ дар финал шикаст хӯрда буд.