Голи Родриго пирӯзии “Реал”-ро таъмин кард

Голи Родриго пирӯзии “Реал”-ро таъмин кард

Дар чаҳорчӯби рақобатҳои даври якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо, дар гурӯҳи “D”, дастаи «Интер» бо бошгоҳи «Реал Мадрид» рӯёрӯйи ҳам қарор гирифтанд. Набарди дастаҳо дар майдони “Ҷузеппе Меатса”-и шаҳри Милани Италия доир гардид. Дар қисми якуми бозӣ дастаҳо бозии баробар нишон дода, ҳолатҳои хуби голзаниро ба вуҷуд меоварданд, вале то танаффус задани гол ба футболбозони ҳарду даста муяссар нашуд.

Дар нимаи дуюми майдондорӣ, сармураббии мадридиҳо – Карло Анчелотти ба ҳайати даста ду тағйироте ворид кард, ки дар бозӣ таъсиргузор шуданд. Ба ҷойи Лукас Васкес, Родриго ва ба ивази Лука Модрич, Эдуарду Камавингро ба майдон ворид намуд. Дар ҷараёни як ҳамла дар сонияҳои охирини қисми асосии бозӣ Родриго аз партофти головари Камавинг истифода бурда, дарвозаи мизбононро рахна сохт ва дастаашро дар ҳисоб ба пеш баровард. Ҳамин тавр, рақобат миёни дастаҳои “Интер” ва “Реал” бо ҳисоби 0:1 ба нафъи “гаразмониҳо” ба охир расид. Баъди ин пирӯзӣ мадридиҳо 3 имтиёз касб намуда, зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳро ба худ ихтисос доданд. Дастаи итолиёвӣ бо доштани сифр имтиёз як зина поёнтар аз “Реал” қарор гирифт.

Дар бозии дигари ҳамин гурӯҳ, дастаи “Шериф”-и Молдова, ки аввалин маротиба ба Лигаи қаҳрамонҳо роҳхат гирифтааст, бо ҳисоби 2:0 тими “Шахтёр”-и Украинаро ба шикаст рӯ ба рӯ намуд ва айни ҳол садрнишини гурӯҳ аст.