Гулистон 67 муштзанро ба ҳам овард
Дар шаҳри Гулистон ба ифтихори 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш мусобиқаи варзишӣ дар намуди бокс миёни наврасону ҷовонони ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор ва маркази шаҳр ташкил ва баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 67 нафар тамринкунандагони ин намуди варзиш дар вазнҳои гуногун миёни ҳамдигар рақобат намуданд. Дар натиҷа 30 нафар варзишгарон бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи вазнҳои гуногун мушарраф гардиданд. Ғолибон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон бо диплом ва медал қадрдонӣ гардиданд. Дар мусобиқа масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва мактаби варзишӣ иштирок доштанд.
Зикр бояд кард, ки дар ҷамоати шаҳракҳо ва маркази шаҳр ин риштаи варзиш бомаром рушду такомул ёфта, дастпарварони мураббиён дар сатҳи шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.