Гурӯҳи кории Комиссияи ФФТ аз ноҳияҳои Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар боздид кард

Гурӯҳи кории Комиссияи ФФТ аз ноҳияҳои Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар боздид кард

Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон шиносоӣ бо рафти корҳои омодагии дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми кишваррр ба мавсими нави футбол идома медиҳад.

Ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов аз вазъи даҳ бошгоҳи лигаи олӣ, инчунин аз дастаҳои лигаи якум, ки дар мавсими нави чемпионати кишвар иштирок мекунанд, дидан менамояд.

Яке аз вазифаҳои асосии гурӯҳи кории ФФТ мулоқот бо раисони шаҳру навоҳӣ ва баррасии масоили футбол ва дастгирии ҳамаҷониба ба дастаҳои кишвар аст.

Имрӯз гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз навоҳии Панҷу Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон боздид ба амал овард.

Дар нимаи аввали рӯз ҳайати ФФТ бо раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён мулоқоти корӣ доир намуд. Ҷонибҳо дар бораи омодагии тими «Саройкамар» ва Варзишгоҳи марказии Панҷ ба мавсими нави лигаи якуми Тоҷикистон гуфтушунид гузарониданд.

Сипас комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафар карда, бо раиси ноҳия Холмурод Раҳмон вохӯрд. Раиси нави ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳайати ФФТ иттилоъ дод, ки сметаи хароҷоти солонаи «Панҷшер» тасдиқ шуда, даста аллакай омодагиҳоро ба мавсими нав оғоз кардааст. Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастаи «Панҷшер»-ро ҳаматарафа дастгирӣ мекунад. Назди даста вазифа гузошта шудааст, ки дар мавсими нави лигаи якуми Тоҷикистон барои ҷойҳои ифтихорӣ мубориза барад.

Дар доираи сафар ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гурӯҳи кории ФФТ ҳамчунин бо ҷараёни омодагӣ дар варзишгоҳи «Исмоили Сомонӣ Арена», ки соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, шинос шуд. Маҳз дар ҳамин варзишгоҳ, ки метавонад 15 000 тамошобинро қабул кунад, «Панҷшер» нақша дорад, бозиҳои хонагии худро баргузор кунад. Лигаи футболи Тоҷикистон дар доираи дастгирии футбол дар кишвар ва бахусус дар минтақаҳо барои варзишгоҳи «Исмоили Сомонӣ Арена» дарвозаҳои нави футболиро таъмин мекунад.

Ҳамчунин, ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон ба шаҳри Бохтар сафар карда, бо раиси нави шаҳр Файзулло Баротзода мулоқоти корӣ доир намуд. Зимни вохӯрӣ раиси нави шаҳри Бохтар изҳор дошт, ки дастаи «Хатлон» таърихи ғанӣ дорад ва ҳукумати шаҳр минбаъд низ барои бомуваффақият баромад кардани бошгоҳ дар мавсими нави футбол ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард. Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои ширкати фаъолонаи дастаҳои кӯдакона ва занонаи «Хатлон», ки пайваста дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон мақомҳои ифтихориро ба даст меоранд, ҳамчунин таъсиси бошгоҳи футзали «Хатлон» барои ширкат дар Суперлигаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.










Манбаъ: ФФТ