Гургону рубоҳон сулҳ бастанд

Гургону рубоҳон сулҳ бастанд

Дар яке аз бозиҳои даври 26-уми премйер-лигаи Англия дастаҳои “Лестер” ва “Вулверҳемптон” дидор анҷом доданд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Молина” сурат гирифта бо натиҷаи мусовии 0:0 ба поён расид.

Дар ҳайати ҳар ду тим мушкилиҳои кадрӣ буданд. Ду футболбози асосӣ аз ду ҷониб, Адама Траоре ва Онинйе Ндиди бо сабаби ҷароҳат доштанашон дар ҳайати асосӣ ба майдон баромадан натавонистанд.Дар нимаи аввали дидор “гургҳо” бозии худро бори “Лестер” намуданд. Онҳо қасдан тӯбро ба рақибон дода, худ танҳо дар аксулҳамлаҳо ба нимаи майдони рақиб мегузаштанд. Як маротиба шогирдони Нуну Эшпириту Санту тубро вориди дарвозаи “Лестер” намуданд, аммо Майк Дин пас аз муколама бо ҳуҷраи видеодоварон голро нораво донист.

Нимаи дуввум ҳам бо ҳуҷумҳои пайопайи ҳар ду тим оғоз шуд. Дар оғози қисми дуввум “рубоҳон” хавноктар ба чашм расиданд. Баъд аз он ки дар дақиқаи 64-ум Адама Траоре ба майдон ворид гардид шумораи ҳамлаҳои дастаи “Вулверҳемптон” ба маротиб бештар шуданд. Номбурда чанд имконияти хуби голзаниро барои ҳамдастагонаш фароҳам овард, аммо ҳисоби бозӣ то анҷом тағйир наёфт. Мавриди ёдоварист, ки дар марҳилаи аввали чемпионат ҳам бозии ин дастаҳо бо натиҷаи мусовии 0:0 ба поён расида буд. Ҳамин ҳоло “Лестер” бо 50 хол дар зинаи 3-юм ва “Вулверҳептон” бо 36 хол дар мавқеи 7-ум қарор доранд.