Гузашти идонаи ҳарбӣ дар ш.Душанбе

Гузашти идонаи ҳарбӣ дар ш.Душанбе

Субҳи имрӯз бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳратам Эмамолӣ Раҳмон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе гузашти ҳарбӣ сурат гирифт. Дар ин гузашти низомӣ беш аз 16 ҳазор ҷузъу томҳои мухталиф, бо шумули бонувони низомӣ, иштирок карданд.

Дар ин маросим, ки мустақиман тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ намоиш дода шуд, раисони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олӣ, сарвазир, роҳбарони вазорату кумитаҳо, сохторҳои қудратии мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва дигар шахсони баландпояи кишвар ҳузур доштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз оғози гашти низомӣ дар суханронии худ низомиёни кишварро ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, онҳоро ба ҳушёриву зиракӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар даъват кард.

Баъд аз садои суруди миллӣ расми гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид, ки нахуст ба майдон тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ворид шуданд.

Ба ҳамин тартиб аз маркази майдони чорабинӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ, занону бонувони Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ, воҳидҳои таъиноти махсус, Вазорати адлия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоту агентиҳои махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҷузъу томҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ, баталионҳои тобеи Ситоди генералӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамал ва ротаи кинологҳо бо сагҳо ва аспҳои хизматӣ, ки шумораи онҳоро беш аз 16 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ташкил медоданд, расми гузашти низомӣ доир намуданд.

Аз ҷониби ҳайати шахсии Оркестри ҳарбии муттаҳида, ки иборат аз 200 нафар буданд, маҷмуи созҳои нафасии ҳарбии бастакорони тоҷик, ки дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оҳанг дароварда шудаанд, намоиш дода шуд.

Бояд гуфт, ки гузашти низомии имсола беҳтарин ва боҳашамадтарин гузашти ҳарбӣ унвон шуд.