Роҳпаймоии идона ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давалтӣ

Роҳпаймоии идона ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давалтӣ

Субҳи имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузашти идона ба ифтихори 25-умин солҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан ҳам барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик рӯйдоди беназири сарнавиштсоз ба шумор меравад, бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гадид.

Дар ибтидо Пешвои миллат мардуми сарбаланди тоҷикро бо ин ҷашни фархундаи фирӯзи муқаддаси миллии зиндагиафрӯз табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки мардуми бонангу номи тоҷик аз азал баҳри ҳифзи марзу буми худ ва пойдорию устувории давлати хеш дар ҳама давраҳои таърихӣ қаҳрамонона талош варзидаанд.

Баъдан дар ҳавои созу наво ва суруду таронаҳои дилнишину муассири моломол аз мазмуну муҳтавои ватандӯстонаю худшиносӣ кормандони вазорату кумитаҳо, идораву ташкилотҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, мактабу литсейҳо, ширкатҳои хусусӣ ва дигар созмонҳои бонуфӯз пайи ҳам ороста бо ребу рангу рамзу тимсолҳои гуногун реҷа аз майдони идона бо дили саршор аз суру сурур мегузаштанд.

Варзишгарони кишвар низ, ки ҳамчун мунодии меҳану миллат дар арсаи ҷаҳон баҳри таблиғу тарвиҷи номи баланди Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ кӯшишҳои ватандорона ба харҷ додаанд, аз маркази майон гузора шуданд.

Нахуст раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон Аҳтам Абдуллозода ва қаҳрамони олипмии мо, гурзандози номҷӯй Дилшод Назаров, ки дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 бо пайкори рустамонааш дунёро дар шигифт андохт, бо парчами парафшони кишвар фарои сараш ҳамроҳ бо ҳампешаҳои барандаи чандин ҷоизаҳои сатҳи ҷаҳонию байналмилалӣ бо як ҷаҳон ифтихору шодмандӣ аз маркази майдон гузаштанд.

Баъдан футболкорону кормандони Федератсияи риштаи мазкури мамлакат бо шумули Академияи футболи “Истиқлол”, донишҷӯёни

Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон, мактабҳои варзишии кишвар, созмонҳои намудҳои гуногуни гӯштину якаҳарбаҳои шарқӣ бо як шукуҳу шаҳомати хосса оростасафу муназзам идгоҳро убур намуданд.