Идомаи мусобиқа аз рӯи намуди шашка ва шоҳмот

Идомаи мусобиқа аз рӯи намуди шашка ва шоҳмот

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушд додани бозии шашка ва шоҳмот, омавигардонии варзиш дар ноҳияи Ашт тадбирҳои зарурӣ ва муассир андешида шудааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ашт бо фарогирии тамоми деҳаву маҳаллаҳои маркази ноҳия ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти он таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди корбарӣ қарор гирифтааст.

Маврид ба зикр аст, ки чунин мусобиқаҳо дар деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз бо ҷалб ва фарогирии ҳарчӣ бештари наврасону ҷавонон ва сокикони он баргузор карда шуда истодааст. Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо оммавияти варзиш, дарёфти чеҳраҳои нави варзиш ва пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи тундрав маҳсуб ёфта, дар ин баробар муаррифии соҳаи варзиши ноҳияи Ашт дар миқёси вилоят, ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар маҳсуб меёбад.