Идомаи силсилапирӯзиҳои «Майами»
Дар майдони “Американ Эйрлайнс Сентер” тими «Майами» аз Бахши Шарқӣ меҳмони «Даллас» дар Бахши Ғарбӣ шуд. Соҳибони майдон дар чоряки аввал бо партобҳои се имтиёза ба шаш имтиёз бартарият даст ёфтанд. Аммо аз чоряки дуюм «Майами» ибтикори бозиро дар даст гирифта, аллакай бо афзалияти шаш имтиёз ба танаффуси калон баромаданд. Пас аз танаффуси калон ҳам дар чорякҳои сеюм ва чоруми рақобат меҳмонон ҳамчунон амалкарди беҳтар доштанду тавонистанд дар ниҳоят бо ҳисоби умумии 125:110 мизбонони рақобатро ба шикаст рӯ ба рӯ намояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки беҳтарин бозигари майдон аз тими шикастхӯрда Лука Дончичи словенӣ гашт, ки 33 имтиёз барои дастааш касб кард. Аз тими «Майами» бошад Батлер беҳтарин имтиёзро ба даст оварда, Эдрис Адебайо дабл- дабл аз 22 имтиёз ва 13 бозёфти тӯб анҷом дод. Ҳамин тавр «Майами» ба шашумин пирӯзӣ ва «Даллас» ба сеюмин шикаст дар мавсими нав рӯ ба рӯ гаштанд.
Пас аз ин пирӯзӣ «Майами» пас аз “Милуоки Бакс” ба зинаи дуюми Бахши Шарқии Ассотсиатсияи миллии баскетбол баромад.
НБА
Чемпионати мавсимӣ
«Даллас» — «Майами» — 110:125 (30:24, 32:46, 26:29, 22:26)