Игор Черевченко ба куҷо меравад?
Собиқ сармураббии дастаи «Химки» Игор Черевченко дар суҳбати ихтисосӣ роҷеъ ба ояндаи фаъолияти мураббигиаш ибрози назар кард.
«Зангҳои телефонӣ мешаванд, аммо ман намегӯям, ки аз куҷо. Ҳанӯз мушаххас нест. Ба эҳтимоли зиёд, пас аз моҳи декабр шумо метавонед маро боз дар ҳайати ягон даста ё мунтахаб дар симати сармураббигӣ бубинед. Ин бешак дар хориҷ аз Русия хоҳад буд. Вариантҳо асосан аз кишварҳои дури хориҷианд, на наздик. Ман тахмин намекунам, шояд он дар оғози моҳи январ ё баъд аз ду ҳафта амалӣ шавад», — иқтибос овардааст «РБ-Спорт» аз суханҳои Черевченко.