Месси муаллифи антирекорд
Лионел Месси дар Чемпионати Фаронса 15 зарба (4 мустақим) сӯи дарвоза равон кардааст, ки ягоне аз он ба нишон нарасидааст. Ин бадтарин натиҷаи мусобиқот дар мавсими ҷорӣ барои Месси ба ҳисоб меравад. Дар бозии навбатӣ бо дастаи "Лилл" бошад Месси дар қисмати дуюми вохӯрӣ иваз карда шуд. То ба ҳол Месси барои “ПСЖ” танҳо дар Лигаи Чемпионҳо гол задааст. Қаблан бошад Лионел Месси дар бозӣ бар муқобили «Манчестер Сити» (2:0) як гол зада, ҳамчунин ба дарвозаи «Лейптсиг» (3:2) 2 гол ба самар расонидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии охирини даври 12-уми мусобиқоти қаҳрамонии Фаронса бо “Лилл” аргентинӣ пас аз нимаи аввал иваз шуд.