Имрӯз дар Арабистони Саудӣ ба хотири пирӯзӣ муқобили Аргентина рӯзи истироҳатӣ эълон шуд

Имрӯз дар Арабистони Саудӣ ба хотири пирӯзӣ муқобили Аргентина рӯзи истироҳатӣ эълон шуд

Подшоҳи Арабистони Саудӣ -  Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд имрӯз  дар саросари кишвар барои таҷлил аз пирӯзӣ бар Аргентина дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар рӯзи истироҳат эълон кард.

Ҳамчунин,  ҳукумати кишвари Арабистони Саудӣ ба ҳар футболбозаш 2, 5 миллион еврогӣ  мукофотпулӣ ба хотири ин ғалабаи таърихӣ  туҳфа намуд!

Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 тими миллии Аргентина бо тими миллии Арабистони Саудӣ вохӯрд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Лусаил Иконик”  баргузор шуда, бо пирӯзии сенсатсионии арабҳо  бо ҳисоби 2 бар 1 анҷом ёфт.